КӮДАКОН ГУЛҲОИ ЗИНДАГИИ МО МЕБОШАНД! — таҷлили бошукӯҳи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Бӯстон

Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн дар саросари олам бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои идона баргузор гардид.

Роҳбари шаҳр ва ҳайати меҳмонон нахуст аз гӯшаи расмкашии кӯдакон дар мумфарш, табиати зинда, рақсу суруд ва шеърхониву тадбирҳои идона, ки дар гӯшаҳои гуногуни боғ ҷойгир буд, боздид намуданд.

Сипас дар амфитеатри боғ қисмати расмӣ ва фарҳангии чорабинӣ доир гардид.

Нахуст роҳбари шаҳр кулли сокинон ва кӯдакони хушиқболро ба ин рӯзи фаромӯшнопазир таҳният гуфта, барояшон пеш аз ҳама сиҳатмандии комил, саодати зиндагӣ ва маҷмӯи хушиҳои умрро таманно намуд.

Зикр карда шуд, ки воқеан ба таъбири ҳикматбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон на танҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз ин рӯз иди калонсолон низ мебошад. Зеро кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъул мебошанд. Яке аз ҳуқуқҳои бунёдии кӯдакон ҳуқуқи якҷо бо падару модар зиндагӣ кардан ва дар оилаи солим тарбия ёфтан аст”.

Воқеан дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон силсилаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифта, баҳри рушди ҷисмониву маънавии насли ояндасози кишвар тамоми имкониятҳо фароҳам гардида истодааст.

Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” намунаи равшани гуфтаҳои болоист, ки ба ҳимояи пайвастаи ҳуқуқҳои кӯдакони саодатманди мо мусоидат менамояд.

Баъдан ба ғолибони озмунҳои расмкашӣ ва иншои беҳтарин диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Барномаи рангини фарҳангӣ, ки фарогири шеъру таронаҳои дилнишин дар васфи Тоҷкистон, Ватан, дӯстӣ, Пешвои оқилу хирадманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мавзӯъҳо буд ба ҷамъомад шукуҳи тоза бахшид.