Бо такя ба сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар чойхонаи “Роҳат”-и шаҳри Бӯстон барои зиёда аз 30 нафар кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, ятим ва аз оилаҳои ниёзманд бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарияти чойхонаи “Роҳат” дастурхони идона густурда шуд.

Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода нахуст кӯдаконро ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳният гуфт. Роҳбари шаҳр аз раванди дастгириҳои пайваста ба қишри ниёзманди ҷомеа ва кӯдакон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.
Дар фазои барномаи рангини аҳли ҳунари шаҳр кӯдакону волидон шодиву сурур намуда, дар интиҳо ба иштирокдорон туҳфаҳои хотиравии идона тақдим карда шуд.
Волидон ин амали хайрро бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи ҷомеа хуш пазируфта, изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.