Бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ба дидорбинии кӯдаки 9-сола Шукрона Азиззода, ки дар бистари беморӣ ранҷ мебарад ташриф овард.
Роҳбари шаҳр ин кӯдаки хурдсолро ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳният гуфта, барояш аробачаи маъюбӣ ва туҳфаҳои идона тақдим намуд. Фирӯза Нуруллозода иброз дошт, ки давлату Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ гоҳ Шуморо дар танҳоӣ ва хору зор шудан намегузорад ва пайваста ба ғамхорӣ фаро мегирад. Волидайн ва пайвадони Шукрона Азиззода аз роҳандозии чунин тадбирҳои судманди иҷтимоӣ изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат баён намуданд.