Кӯдакони хушбахту хуштолеи Ватан, Фарзандони саодатманди Тоҷикистони соҳибистиқлол,
Ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн дар саросари олам бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад самимона таҳният гуфта, бароятон пеш аз ҳама сиҳатмандии комил, саодати зиндагӣ ва маҷмӯи хушиҳои умрро таманно дорам. Воқеан ба таъбири ҳикматбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон на танҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз ин рӯз иди калонсолон низ мебошад. Зеро кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъул мебошанд. Яке аз ҳуқуқҳои бунёдии кӯдакон ҳуқуқи якҷо бо падару модар зиндагӣ кардан ва дар оилаи солим тарбия ёфтан аст”.
Агар ба таърих назар афканем маълум мегардад, ки соли 1989 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак қабул гардид, ки тибқи тавсияи он ҳимояи ҳуқуқи кӯдак бояд дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон риоя гардад. Дар асоси ин ҳуҷҷат ҳамаи онҳое, ки ба синни 18 нарасидаанд, кӯдак ҳисобида мешаванд. Тибқи моддаи 2-и ҳуҷҷати мазкур: «Ҳамаи кӯдакон, новобаста аз ҷинс, синну сол, эътиқоди динӣ ва ранги пӯст баробарҳуқуқанд». Аз 2 сентябри соли 1990 ин Конвенсия ҳукми амал пайдо кард. Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ соли 1993 ба тасвиб расонид ва уҳдадориҳои худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони мамлакат нишон дод. Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак воситаи асосие ба шумор меравад, ки дар он тамоми ҳуқуқи кӯдакон дарҷ гардидааст.
Воқеан дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон силсилаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифта, баҳри рушди ҷисмониву маънавии насли ояндасози кишвар тамоми имкониятҳо фароҳам гардида истодааст.
Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” намунаи равшани гуфтаҳои болоист, ки ба ҳимояи пайвастаи ҳуқуқҳои кӯдакони саодатманди мо мусоидат менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо такя ба сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии давлатии кӯдакон ташаббусҳои судмандро рӯйи кор гирифта, минбаъд низ баҳри муҳайё намудани шароити мусоиди таълиму тарбия ва илму донишандӯзӣ, истироҳату солимгардонии насли ояндасози Ватан саҳми босазо хоҳад гузошт.
Бо чунин ниятҳои наҷиб бори дигар ҳузури Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба тамоми сокинони сарбаланди шаҳри Бӯстон ва фарзандони хуштолеи Ватан – созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони биҳиштосо таҳният гуфта, ба тамоми кӯдакони дунё оромиву хандаҳои беғаши тифлиро орзумандам.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак!
Паёми табрикии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
