ХИЗМАТРАСОНИИ БОСИФАТИ ТИББӢ ДАР МАДДИ НАЗАР

Бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода аз муассисаҳои тиббии шаҳр боздид ба амал овард.

Аз ҷумла дар ин раванд роҳбари шаҳр аз шуъбаи ёрии таъҷилӣ ва дигар шуъбаҳои муассисаи давлатии Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, шуъбаҳои маркази хусусии ташхиси тиббӣ боздид намуд.

Зимни боздид ба роҳбарияти муассисаҳои тиббӣ ҷиҳати иҷрои самаранок ва сифатноки стратегияву барномаҳои тиббӣ, баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ҷалби мутахассисони варзида ба табобат, таъмиру барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда ва дигар тадбирҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.