Дидорбинӣ бо оилаи намунавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила

15 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, оилаи Зиёевҳо, собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тандурустиро аёдат намуда, онҳоро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила табрик намуд.

Роҳбари вилоятро раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ҳамроҳӣ кард.

Аёдатшудагон изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.