Бахшида ба Рӯзи Шашмақом, ки ҳамасола 12 май дар саросари мамлакат таҷлил мегардад дар шаҳри Бӯстон ҷамъомади идона доир гардид.
Дар ҷамъомад муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, намояндаи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Олимҷон Юсупов, устодони санъат, собиқадорони ҷангу меҳнат, занону ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ширкат намуданд.

Нахуст паёми табрикии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода аз ҷониби муовини раиси шаҳр ба самъи аҳли санъату хунар расонида шуда, ба ҳунармандони ансамбли шашмақомхонони «Навои Аҷам» сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Барномаи рангини фарҳангӣ аз ҳунармандони ансамбли шашмақомхонони «Навои Аҷам» пешкаши тамошобинон гардонида шуд.