ЭЪЛОН!

Ба диққати сокинону меҳмонони шаҳри Бӯстон расонида мешавад, ки бо мақсади амалигардонии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» санаи 18 майи соли 2025, соати 7:00 бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз назди маркази ташхиси тиббии хусусии “ИГНЭС” тариқи хиёбони “Сомониён” то назди Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад.

Дар чорабинии бонуфузи варзишӣ намояндагони тамоми соҳаҳо, сокинону меҳмонон ва ҷавонони касбу кори гуногун ширкат меварзанд.

МАРҲАБО БА ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ!