ТАВАҶҶУҲ БА КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон боздиди раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода бо ҷалби ҳайати гуруҳи корӣ вобаста ба масъалаҳои ободониву созандагӣ аз кӯчаҳои марказӣ, ҶДММ «Помир-Суғд» ва иншооти таҷдидшаванда доир карда шуд.

Зимнан, аз ҷониби раиси шаҳр ҷиҳати тақвияти корҳои тозагиву озодагӣ ва вусъати корҳои бунёдкорӣ дар шаҳр ба роҳбарони сохторҳои дахлдор ва шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.