МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 01972 ШАҲРИ БӮСТОН ДАР ДОИРАИ МОҲВОРАИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Мудофиаи кишвар санаи 9 майи соли 2025 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С.Айнии шаҳр маросими савгандёдкунии наваскарони қисми ҳарбиии 01972 ва зерсохторҳои он дар доираи моҳвораи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид.

Дар маросими мазкур муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, командири қисми ҳарбии 01972 полковник Абдулмумин Асозода ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Хусравшоҳ Исмоилзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд қайд кард, ки дар маросими савгандёдкунӣ беш аз 145 нафар наваскарон савганди ҳарбӣ ёд намуданд.