ТАБРИКОТИ ЗАҲМАТКАШИ АҚИБГОҲИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Бо такя ба сиёсати инсондӯстонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 80-солагии Рӯзи Ғалаба заҳматкаши ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 -1945 аз шаҳри Бӯстон Сербулова Мария Александровна ба ғамхорӣ фаро гирифта шуд.

Ба заҳматкаши ақибгоҳ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Ба Мария Сербулова паёми табрикии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода расонида шуд.

Зимни суҳбат сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов ва раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода аз заҳмату фидокориҳои падарону бобоёни қаҳрамон, модарону хоҳарони мушфиқ дар роҳи расидан ба Ғалабаи бузург ёдовар шуда, аз хизмати бенуқсони онҳо ҳамчун тарбияи насли шоистаи замон муфид арзёбӣ намуданд.

Заҳматкаши ақибгоҳ баҳри ғамхории ҳамешагӣ ва таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба собиқадорони ҷангу меҳнат ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон изҳори сипосмандии хешро баён намуд.