Паёми шодбошии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ба муносибати 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат,

Ҳамватанони азиз,

Боиси ифтихору сарфарозист, ки мо — мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва оромии ҷомеа дар қатори дигар мардуми сулҳдӯсти сайёра ҳамасола санаи 9-уми майро ҳамчун санаи таҷлили корномаи мардуми далеру шуҷоъ, ҷонфидоӣ дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан бар муқобили фашизми гитлерӣ мутантан истиқбол мегирем.

Бо самимияти афзун ҳамаи сокинону меҳмонони шаҳри азизамон – Бӯстон ва ҳамватанони гиромиро ба муносибати 80 — умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945 таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хотирҷамъӣ, сарбаландиву комёбӣ ва ба Ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосо фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллии абадиро таманно дорам.Тавре Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд “Ғалабаи бузург бар фашизм дар натиҷаи муборизаи дастаҷамъонаи мардуми собиқ шӯравӣ ва кишварҳои гуногун ба даст омадааст ва намунаи муборизаи озодихоҳонаи халқу миллати мухталиф мебошад”.

Боиси зикр аст, ки дар таъмини Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар муқобили фашизм ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон, падарону бобоёни қаҳрамонамон низ бо корнамоиҳои худ саҳми арзишманд гузоштаанд ва хотироти неки онҳо ҷовидонист.

Тибқи маълумотҳо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор нафар фарзандони фарзонаву қавииродаи тоҷик, ки он замон аз якуним миллион нафар 20 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медод, ба ҷанг сафарбар гардида, аз ин шумора 92 ҳазор нафар дар майдонҳои ҷанг қаҳрамонона ҳалок шудаанд, ки номи нек ва корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.

Тӯли солҳои ҷанг 44 ҳазору 957 нафар аз шумораи калонсолон барои кор дар саноати ҳарбии мамлакат, ки дар қисмҳои марказӣ ва Сибир фаъолият менамуданд, сафарбар гардида, бо меҳнати шуҷоатноки худ ба Ғалабаи халқи Шӯравӣ саҳми боарзиш гузоштаанд.

Аз фиристодагони Тоҷикистон зиёда аз 60 ҳазор нафар дар 250 амалиётҳои ҳарбӣ мардонагию шуҷоати беназири худро нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардидаанд.

Баҳри хидматҳои шоён 67 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гардиданд, ки миллати тоҷик аз чунин родмардони худ ифтихор дорад. Бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд, хоса раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода пайваста хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медоранд, онҳоеро, ки дар Ғалаба бар фашизми гитлерӣ саҳм гузоштаанд ва оилаҳои онҳоро низ зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дода, дастгирӣ менамоянд.

Ҳамдиёрони азиз,

Сабақҳои талхи мубориза бар зидди фашизм ҳушдор ба аҳли башар аст, ки ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва рӯзгори орому осуда дӯстиву ҳамкорӣ ва равобити созандаи халқу давлатҳоро таҳкиму густариш бахшидан амри зарурӣ ва ҳаётан муҳим аст.

Имрӯз, мо — соҳибватанони некбахти Тоҷикистони соҳибистиқлол шукрона мекунем, ки таҳти сиёсати оқилонаву муваффақонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тинҷиву оромӣ, дӯстиву бародарӣ умр ба сар бурда, дар Ватани маҳбуби мо сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ ва фазои созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост.

Бояд қайд намуд, ки сокинони сарбаланди шаҳри Бӯстон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагашта, ҷони худро ба хотири озодӣ аз истисмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.Ҳеҷ кас ва ҳеч чиз фаромӯш нашудааст!

Бори дигар ҳамаи Шумо сокинони заҳматқарини шаҳри Бӯстонро бо фарорасии 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрику таҳният гуфта, бароятон саодати зиндагӣ, рӯзгори ободу осуда ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.

80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!