Субҳи имрӯз, 8 май дар майдони муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Бӯстон бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов, муовини якуми раиси шаҳр, муовини раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бӯстон, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, сокинону фаъолон чорабинии идона ба ифтихори 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар фазои мутантан баргузор гардид.

Нахуст сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов паёми табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро ба самъи сокинони шаҳри Бӯстон расонид. Гуфта шуд, ки “боиси таъкид аст, ки ба даст омадани ғалаба дар ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар он ҳиссаи фарзандони далеру шуҷои Тоҷикистон низ калон аст, натиҷаи муборизаи дастаҷамъона ва намунаи муқовимати озодихоҳонаи халқу миллатҳои гуногуни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ баҳри ҳифзу ҳимояи Ватан мебошад. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистони мо беш аз 300 ҳазор нафар даъват ва сафарбар гардида, беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои мубориза қаҳрамонона ҳалок ва даҳҳо ҳазори дигар беному нишон шуданд. Аз ин лиҳоз, саҳифаҳои дурахшони корномаи падарону бобоёни қаҳрамон барои ҳар як сокини кишвар, аз ҷумла насли ояндасози миллат бояд ҳамчун намунаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагӣ кадр карда шавад”.

Сипас, раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода кулли иштирокдорон ва сокинони шаҳрро ба ифтихори ин ҷашни фархунда таҳният гуфт. Зикр карда шуд, ки “тавре Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд “Ғалабаи бузург бар фашизм дар натиҷаи муборизаи дастаҷамъонаи мардуми собиқ шӯравӣ ва кишварҳои гуногун ба даст омадааст ва намунаи муборизаи озодихоҳонаи халқу миллати мухталиф мебошад”. Боиси зикр аст, ки дар таъмини Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар муқобили фашизм ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон, падарону бобоёни қаҳрамонамон низ бо корнамоиҳои худ саҳми арзишманд гузоштаанд ва хотироти неки онҳо ҷовидонист. Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои фарзандони содиқу сарбаланди миллати тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар як нафари мо-насли оянда мебошад, ки ин омили арзишманд ба тарбияи солими насли ҷавону наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату ҷасорат ва далериву матонат мебошад”.
Дар ин рӯз бо иштироки роҳбарият ва ҳайати меҳмонон дар пояи муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Бӯстон маросими гулгузорӣ сурат гирифт.
























