ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ПАДАРОНИ ҚАҲРАМОН! — баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба

Бо мақсади қадршиносӣ аз ҷоннисории падарону бобоёни қаҳрамон, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ва бо ин васила саҳмгузорӣ дар тарбияи шаҳрвандон тибқи дастури раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода дар назди қасри фарҳанги шаҳр ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ доир гардид.

Нахустин намояндагон аз растаи рассомӣ, аксу мусаввараҳои замони ҷанг боздид намуданд.

Сипас муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода паёми табрикии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ба ифтихори 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро ба самъи иштирокчиён расонид.

Мавсуф оид ба ҷоннисории падарону гузаштагони пурифтихор ва дастгирии давлатии собиқадорони ҷангу меҳнат аз ҷониби давлату Ҳукумат ёдовар шуд.

Дар ин рӯз бо қарори Раёсати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд ба осорхонаи гимназияи 1-и шаҳри Бӯстон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ барои ишғоли ҷойи дӯюм.

Барномаи рангини адабӣ — фарҳангӣ ба ҷамъомад шукуҳи тоза бахшид.