Бо такя ба сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ҳамроҳи роҳбарони мақоми ҳифзи ҳукуқ дар толори нозироти андози шаҳри Бӯстон кормандони ин ниҳодро бо иди касбиашон, ки ҳамасола 4-уми май таҷлил мегардад таҳният гуфт.

Зикр карда шуд, ки мақомоти андоз пайваста баҳри ғанигардонии буҷети давлатӣ ва пешрафти низоми молиявӣ саҳми арзанда гузошта меоянд.
Дар ин рӯз ба роҳбарият ва як қатор корманд пешсафи мақомот сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
