ДАЪВАТИ АҲОЛӢ БА ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ВА ПЕШГИРИИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ!-баргузории мулоқот бо усули мактаб ба мактаб

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар толори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон бо устодон ва падару модарони хонандагон мулоқот доир гардид.

Мулоқот бо сухани ифтитоҳии директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат Замира Рустамзода оғоз ёфт.

Дар кори мулоқот муовини раиси шаҳри Бӯстон — Мамнур Нурзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзишӣ шаҳр — Хусравшоҳ Исмоилзода, сардори гуруҳи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон — Иноятулло Бобоназарзода ширкат намуданд.

Нахуст муовини раиси шаҳри Бӯстон — Мамнур Нурзода оид ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 баён доштанд, тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои дахлдор ибрози назар намуд.

Зимни баргузории вохӯрӣ аз ҷониби маърӯзачиён пеш аз ҳама оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати сиёсию-ҳуқуқӣ ва фарҳангии онҳо, ҷалби саривақтии ҷавонон барои даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон оид ба тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар карда шуд.