2 май иштирокчии ақибгоҳ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сербулова Мария Александровна 98-сола шуд. Соҳибҷашнро аз номи раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода таҳният гуфта, барояш сиҳатмандӣ ва саодати зиндагӣ таманно намуд. Консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкин, роҳбари намояндагии хонаи русҳо дар шаҳри Хуҷанд Татяна Мудрова ва роҳбари маркази фарҳангии русии “Светлана” дар шаҳри Бӯстон Светлана Золоторёва ширкат ва соҳибҷашнро бо солгарди умр таҳният гуфтанд.

Сербулова Мария Александровна 2 майи 1927 дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Русия ба дунё омада, дар ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 ба ҳайси хоҳари шафқат фаъолият намудааст. Қаблан аз номи Президенти Федератсияи Русия ба соҳибҷашн медали ҷашнии “80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” тақдим карда шуд.








