2 майи соли ҷорӣ бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи оқилонаи нерӯи барқ дар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Истифодаи оқилонаи нерӯи барқ – кафолати рӯзгори обод” доир карда шуд.

Дар кори ҳамоиш раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода, раиси суди шаҳри Бӯстон Боҳир Зоирзода, прокурори шаҳри Бӯстон Абдуқаҳҳор Азизов, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Наврӯз Қодиров ва сардори шабакаҳои барқии шаҳри Бӯстон Суҳайлӣ Насруллоев ширкат варзиданд.Ҳамзамон дар ҳамоиш муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, собиқадорони меҳнат, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ходимони дин, раисони маҳаллаҳо, намояндагони занону ҷавонон, аҳли ҷамоатчигии шаҳр ва намояндагони васоити ахбори умум иштирок намуданд.Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода оғоз гардида, зимнан қайд карда шуд, ки: “Истифодаи самараноки нерӯи барқ яке аз масъалаҳои стратегии миллии мо ба шумор рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 98% нерӯи барқи худро аз манбаъҳои барқароршаванда — асосан нерӯи об — истеҳсол менамояд. Бо ин нишондиҳанда кишвари мо дар ҷаҳон дар сафи пеш қарор дорад. Бо вуҷуди ин, талабот ба нерӯи барқ махсусан дар фасли зимистон афзоиш меёбад ва истеъмоли ғайриоқилона боиси фишор ба шабакаҳои энергетикӣ мегардад.
Дар ин радиф, дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли сипаригардида қайд намуданд, ки “Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст”.Раиси суди шаҳри Бӯстон Боҳир Зоирзода, прокурори шаҳри Бӯстон Абдуқаҳҳор Азизов, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Наврӯз Қодиров вобаста ба тағйиру иловаҳо ба қонунгузории соҳа ва татбиқи ҷазоҳои ванин ибрози назар намуданд. Зикр карда шуд, ки 15 апрели соли ҷорӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, тибқи он нисбати муштариёну истифодабарандагони барқ, ки ба қонунвайронуниҳо роҳ медиҳанд, минбаъд ҷазоҳои маъмурӣ татбиқ карда мешаванд.Рушди соҳаи энергетика ва расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Соҳаи электроэнергетикаи мутараққии мо дар асоси захираҳои пуриқтидори обии ҷумҳурӣ бунёд гардида, рукни муҳими ҳаёт ва иқтисодиёт ба шумор меравад. Тараққиёти хоҷагии халқ, беҳбудии рӯзгори мардуми сарбаланди тоҷик аз пешравии ин соҳа вобастагии калон дорад. Баъди шарафёбии миллати мо ба Истиқлоли давлатӣ, бо дастуру роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди иншооти энергетикӣ, умуман рушди соҳа эътибори махсус равона гардид.Дар ин радиф зимни ироаи пёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар Пешвои муаззами миллат зикр доштанд, ки “Ҳоло корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд. То имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шуд. Соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи «Қайроқум» иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад. Инчунин, як агрегати дигар дар неругоҳи «Норак» таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони неругоҳи «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад.Яъне иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат дар соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мегарданд.Дар баробари ин, соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иктидори 200 мегаватт оғоз мегардад.Имрӯзҳо бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст.То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» ба анҷом расонида шудаанд.
Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони ин иншооти стратегӣ мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст”.Басо хушоянд аст, ки бо азму иродаи устувор ва нақшаҳои созандаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад”.Дар идома аз ҷониби раиси шаҳр ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маърӯзаҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо таъғйиру иловаҳо ворид гардидааст ва дар масъалаи пешгирии қонуншиканиҳо ва талафоти қувваи барқ маърӯзаҳо ироа гардид.Пас аз ироаи маърӯзаҳои дар ҳамоиш пешбинишуда, Эшов Зулфон омӯзгори калони кафедраи таъминоти барқи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар музокира баромад намуд.