РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНИИ НАМУНАВӢ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН!

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар самти масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон «Рўзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзоа, намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Давлатзода М., Раиси ҷамоати шаҳраки Палос Шуҳрат Аброров, сардори бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Бӯстон Шаҳидӣ Абдураҳим, сармутахассиси шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Абдуғаффорова Шоира, мақомоти корҳои дохилӣ, хадамоти тиббӣ, сўхторнишонӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва дигарон иштирок намуданд. Нахуст муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода баромад намуда зикр дошт, ки мақсади чорабинӣ фаҳмонида додани тадбирҳои умумидавлатӣ ва муҳофизатие, ки баҳри ҳимояи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулодда равона шудааст, мебошад.

Ҳамзамон ба ин васила баланд бардоштани дониш ва малакаи амалии хонандагон дар соҳаи ҳифзи шаҳрвандӣ, дар вуҷуди хонандагон ташаккул ва инкишоф додани хислатҳои баланди рўҳию маънавӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ, ҳифзи молиякияти давлатию ҷамъиятӣ, тарбия намудани хонандагон дар самти баланди рўҳию маънавӣ, ҳушёрӣ ва фидокорӣ мебошад. Сипас дар якчанд синфхонаҳои МТМУ №11 дарсҳои намунавӣ вобаста ба пешгирии ҳолатҳои фавқуллода ташкил карда шуд, ки меҳмонон дар он иштирок намуданд.Бо баробари задани «Бонги хатар»-и эҳтимолӣ ҳолати эвакуатсионӣ, намоиши амали гуруҳҳои ғайринизомӣ ва шуъбаи ҳолтаҳои фавқулодда, хадамот тиббӣ, сўхторнишонӣ ба маҳорати баланд иҷро карда шуд. Ҳолатҳои бавуқуъомада, аз ҷумла сўхтор фавран бартараф карда шуд. Чорабинии «Рўзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ҷамъбаст гардида, фаъолон бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд. Ташкил намудани чунин чорабиниҳо баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии насли созанда мусоидат менамояд.