Мавсума Муинӣ хизматчиён ва оилаи онҳоро бо Рӯзи Артиши миллӣ таҳният гуфт

Бо такя ба сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 феврал раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ба манзили истиқоматии як қатор собиқадорон ва оилаи хизматчиёни ҳарбӣ ташриф оварда, онҳоро ба ифтихори 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт. Дар ин рӯз роҳбари шаҳр ба манзили собиқадори Қувваҳои Мусаллаҳ Саъдӣ Розиқов ва манзили собиқ корманди Дастаи зиддитеррористии “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Шамсиддин Ҳайдаров, ки дар муноқишаҳои мусаллаҳона қаҳрамонона ҳалок гардидааст ташриф оварда оилаи номбурда – Мастона Эргашеваро ба аёдат фаро гирифт.Зимни суҳбати самимӣ зикр карда шуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста хизмату корнамоӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони шуҷои Ватанро қадр намуда, оилаи онҳоро ба ғамхорӣ мегирад.Аёдатшудагон изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *