Муҳтарам собиқадорону хизматчиёни шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ,
Ҳамдиёрони азиз,
Бо самимияти афзун ва орзуҳои нек 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, азму иродаи устувор, хушиҳои умр ва ба Тоҷикистони азизу муқаддас фазои сулҳу суботи ҷовидонӣ таманно дорам.Боиси зикр аст, ки 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд.30 сол муқаддам, 23-юми феврали соли 1993 дар мамлакат бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.Дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нерӯи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд. Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт. Тайи 30 соли фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадид гузашт ва имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфта, барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собитқадамона рушду такомул меёбад.Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тайи солҳои сипаришуда даҳҳо ҳазор ҷавонони бонангу номуси Ватан аз тарбияи ин мактаби далериву шуҷоат, яъне хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ гузашта, қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагии худро адо намудаанд ва борҳо собит сохтаанд, ки Артиши миллӣ дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа бо сарбаландӣ баромада метавонанд».Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардидани шароитҳои моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоиии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамояд.Бо итминон метавон зикр намуд, ки ҷавонони мо бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосо ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.Таманнои онро дорем, ки дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.Бо чунин таманниёти наҷиб бори дигар фараҳи таҷлили 30-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ватани азизро ба кулли родмардони миллат, муҳофизони сулҳу ваҳдат ва ҳамдиёрони азиз таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор, руҳи болидаву иродаи матин ва дар иҷрои рисолати бузург ҳимояи марзу буми Ватан-Модар комгориҳои бешуморро таманно дорам.Ид муборак ҳомиёни шуҷои Ватан!





