21 феврал дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ҷамъомад раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят Илҳом Пӯлодзода, комиссари ҳарбии шаҳр Далер Солеҳзода, роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, сарбозону афсарони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр ва дигар масъулин ширкат намуданд.Ҷамъомади тантанавӣ бо ба толор ворид намудани Парчами давлатӣ ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ оғоз ёфт.Нахуст аз ҷониби намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Илҳом Пӯлодзода паёми табрикии муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи иштирокдорон расонида шуд.Зикр карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки дар тўли солҳои аввали истиқлол дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷой доштанд, тадриҷан ба як нерўи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтанд.

Аз ин лиҳоз, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ боифтихор чунин таъкид намуданд: «Имрӯз ман бо қаноатмандӣ ва ифтихор изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузаштанд ва рисолати касбиву ҳифзи шаҳрвандии худро бошарафона адо намуданд».Сипас, паёми табрикии раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ироа гардид. Роҳбари шаҳр нахуст кулли собиқадорону хизматчиёни баору нанги Артиши миллиро бо 30-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, барояшон бурдбориву саодатмандӣ таманно намуд.Гуфта шуд, ки 30 сол муқаддам, 23-юми феврали соли 1993 дар мамлакат бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.Дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нерӯи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд. Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадид гузашт ва имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфта, барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собитқадамона рушду такомул меёбад.Дар идома роҳбари шаҳр зикр дошт, ки Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардидани шароитҳои моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоиии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамояд.Баъдан ба як қатор сарбозону афсарон, хизматчиёни ҳарбӣ, собиқадорону пирони рӯзгордида ва волидайни сарбозон сипоснома, раҳматнома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва комиссариати ҳарбии вилояти Суғд тақдим карда шуд.Барномаи рангини фарҳангӣ ва ҳарбикунонидашуда ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид.









