Аёдати собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ ва оилаи хизматчиёни ҳарбӣ

Бо такя ба сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои бесаробон ва хизматчиёни ҳарбӣ сурат гирифта истодааст.Дар ин замина тибқи дастури раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ва комиссариати ҳарбии вилояти Суғд муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода ва комиссари ҳарбии шаҳр полковник Далер Солеҳзода як қатор собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла полковники мустаъфӣ Абдураҳимов Абдураҳмон ва оилаи бесаробонмонда, ҳамсари собиқ хизматчии ҳарбӣ Ҳайдаров Ҳамид – Ҳайдарова Махфиратро аёдат намуданд.

Зимни суҳбати самимӣ нахуст ба оилаҳои зикршуда паёми табрикии раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуда, аз корнамоиву заҳмати софдилонаи онҳо дар таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат ёдоварӣ карда шуд.Дар ин рӯз ба оилаҳои зикршуда маводҳои озуқаворӣ дастрас карда шуд.Абдураҳимов Абдураҳмон ва Ҳайдарова Махфират аз таваҷҷуҳи пайваста ва ғамхориҳои ҳамешагӣ изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, баҳри пояндагиву ҷовидонии сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон дасти дуо бардоштанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *