Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 13 феврал дар шаҳри Бӯстон ҳамсари нависандаи зиндаёди тоҷик Ибод Файзуллоро аёдат кард.

Раиси вилояти Суғдро раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ҳамроҳӣ намуд.
Роҳбари вилоят зимни суҳбат аз фаъолиятҳои Ибод Файзулло дар нашрияҳои «Тоҷикистони Советӣ», «Комсомоли Тоҷикистон», «Паёми Душанбе» ва идораҳои давлатӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки хизматҳои арзандаи чунин шахсон барои насли ҷавон намунаи ибрат ва мактаби омӯзиш аст. Ба ин оила аз ҷониби роҳбари вилоят кӯмакҳои моддӣ дастрас карда шуд.
Ҳамсари нависандаи зиндаёди тоҷик Ибод Файзулло аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайваста изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд.





