ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАР БА АМНИЯТ ВА СУБОТИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Терроризм ва экстремизм ин ташкил намудани хатар, куштор, ғорат ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос ва дигар амалҳои ваҳшиёна аз ҷониби ташкилотҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи зӯроварӣ мебошад.

Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш: таҳдид ё зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағийри сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башариат хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мубориза ба терроризм ва экстремизм, фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумиҷаҳонӣ тақозо менамояд. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом ҳеҷ робитае надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шудааст, ки аз ин ваҳшонияти асримиёнагӣ пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусалмононии сайёра зарар мебинанд.

Мутаасифона ба чунин гурӯҳи осебпазир ҷавононе, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, бегумон зеҳни ташнаашонро аз ифроту хурофот пур намуда, шефтаю мутамоили ақидаи бебунёд мегарданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бинобар паст будани сатҳи огоҳии ҷавонон аз мазмун ва моҳияти дини мубини ислом ва ба таври худ тафсир додани оятҳои Қуръони маҷид аз тарафи бархе аз «диндорон», таблиғоти шадиди гурӯҳҳои ифротӣ ба воситаи шабакаҳои интернетӣ бо мақсади роҳгум задани ҷавонон, яке аз омилҳои рушди ин раванд гардидааст.

Тоҷикистони азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар давлатҳои узви СММ дар ҷаҳон баҳри решакан намудани ин афрод тамоми чораҳоро роҳандозӣ намуда истодааст.

Дар баробари ин кӯшишҳо ва ҷаҳду талоши роҳбарияти олии мамлакат мо кормандони касбу кори гуногун ва мардуми шарифи кишварро зарур аст, ки дар байни ҷавонон ва наврасон ҳисси баланди ватандӯстӣ, шинохти арзишҳои миллӣ ва гиромидошти фарҳангу таърихи куҳанбунёди худро ба роҳ монда, аз гаравидан ба чунин ташкилотҳо онҳоро пешгирӣ намоем.

Олимҷон Мадалиев,

мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бӯстон