Муаррифии муовини якуми раиси шаҳр

10 феврал дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо иштироки раиси шаҳр Мавсума Муинӣ ва мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Суғд Ғолибҷон Шарифзода маросими муаррифии муовини якуми раиси шаҳри Бӯстон сурат гирифт.

Дар маросими муаррифӣ муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, мудирони шуъбаву башхҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ширкат намуданд.

Нахуст мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Суғд Ғолибҷон Шарифзода суханронӣ намуда, зикр дошт, ки дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода Яқубзода Баҳодур Қурбон муовини якуми раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таъин гардид. Сипас Ғолибҷон Шарифзода ба самъи иштирокдорон шарҳи ҳоли Баҳодур Яқубзодаро расонида, ба номбурда барори кор таманно намуд.
Гуфта шуд, ки Яқубзода Баҳодур Қурбон, 27 октябри соли 1966 ба дунё омада, соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Фаъолияти кории худро соли 1981 ба ҳайси коргари бригадаи истеҳсолии совхози “Съезди XXIV ҳизбӣ”-и ноҳияи Рӯдакӣ оғоз намуда, солҳои 1985-1987 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи артиши Шӯравӣ адои хизмат намудааст. Солҳои 1987-1989 омӯзгори мактаби миёнаи махсуси №67-и ноҳияи Рӯдакӣ, солҳои 1989-1993 муҳосиби беморхонаи ноҳияи Рӯдакӣ ва ҳамин тариқ то соли 2002 дар соҳаи саноат дар ноҳияи Рӯдакӣ, аз соли 2002 то 2013 дар корхонаи саноатии шаҳри Истаравшан, солҳои 2013-2017 директори ҶДММ “Шоҳин-2003” дар шаҳри Бӯстон адои вазифа намудааст. Аз моҳи июли соли 2017 то 8 феврали соли 2023 ба ҳайси сардори Корхонаи фаръии «Идораи хӯроквории вилояти Суғд» фаъолият намудааст.

Дар идома раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ҳамагонро бо қарори раиси шаҳри Бӯстон аз 9 феврали соли 2023, №23 “Дар бораи ба мансаби муовини якуми раиси шаҳри Бӯстон таъин намудани Яқубзода Баҳодур Қурбон” шинос намуда, ба номбурда барои фаъолияти пурмасъул дар раванди амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаву барномаҳои шаҳрдорӣ бурдбориву муваффақият таманно намуд.

Сипас, муовини якуми раиси шаҳри Бӯстон Яқубзода Баҳодур Қурбон ба сухан баромада, пеш аз ҳама барои бовариву дастгирӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон изҳори миннатдорӣ намуда, зикр дошт, ки якҷо бо ҷомеаи меҳнатӣ ва фаъолони шаҳр барои расидан ба нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ фаъолияти шоиста хоҳад намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *