БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ ШАҲРИ БӮСТОН ДАР СОЛИ 2022

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 № АП — 1729 “Дар бораи баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти давлатӣ” 6 феврали соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон таҳти раёсати раиси шаҳр Мавсума Муинӣ нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Бӯстон дар соли 2022 бургузор гардид.

Дар кори нишасти матбуотӣ сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода иштирок намуданд.

Ҳамзамон, дар нишаст муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, ташкилоту муассисаҳо, роҳбарияти Ҷамоати шаҳраки Палос ва намояндагони васоити ахбори умум ширкат доштанд.

Дар оғоз рӯзноманигоронро раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ба таври фишурда бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар соли 2022 шинос намуд.

Зикр гардид, ки дар соли 2022 буҷети умумии шаҳр бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 107,8 фоиз иҷро гардида, ба буҷети давлат 125,9 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 4,6 млн. зиёд мебошад.
Даромади буҷети маҳаллии шаҳр 104,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷети маҳаллӣ 56,3 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 2,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Хароҷоти буҷети шаҳр дар соли 2022 ба андозаи 94,5 фоиз иҷро гардида, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоии шаҳр 53,8 млн. сомонӣ маблағҳо равона гардид.

Соли 2022 хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ, яъне маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш дар маҷмӯъ 39 млн. 228,5 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки баробари 72,8 фоизи хароҷоти умумии буҷети шаҳр мебошад.

Бо мақсади дастгирии соҳибкорон дар соли 2022 аз рӯи маълумоти филиалҳои бонкҳо дар шаҳри Бӯстон барои фаъолияти соҳибкорӣ дар маҷмӯъ ба маблағи 9 млн. 434,3 ҳазор сомонӣ ба 788 нафар шаҳрвандон қарзҳо ҷудо гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти шаҳри Бӯстон дар маҷмӯъ 49,4 млн. сомонӣ сармоя ҷалб карда шуд, ки аз онҳо 2,7 млн. сомонӣ сармояи хориҷӣ, 43,3 млн. сомонӣ сармояи дохилӣ, 3,4 млн. сармояи мустақим мебошад.

Ишора гардид, ки дар шаҳр 45 адад корхонаҳои саноатӣ бо фарогирии 1900 нафар кормандон фаъолият менамояд. Аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ 50 намуди маҳсулот истеҳсол мегардад.
Дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти хизматрасонии барқу об ба маблағи 673,0 млн. сомонӣ таъмин гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021 – 99,8 млн. сомонӣ зиёд ё худ 117,4 фоизро ташкил дод.

Аз ҷумла танҳо аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ 570 млн. сомонӣ ё худ 114,0 фоиз зиёд нисбати соли 2021, аз тарафи барқу об 59,1 млн. сомонӣ ё худ 97,0 фоиз зиёд нисбати соли 2021 мебошад.
Содироти маҳсулоти саноатии шаҳри Бӯстон дар ин давра ба 3 млн 934 доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 – 3,4 млн доллари ИМА зиёд мебошад.

Дар соли 2022 бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 адад корхонаҳо аз ҷумла корхонаи истеҳсоли мехи печони ҶДММ «Нуртез», корхонаи истеҳсоли профилҳои оҳанини ҶДММ «Ганҷофар», корхонаи истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷми ҶДММ «Суғдпак-2», корхонаи коркарди маҳсулоти заргарии «Зари Суғд»-и КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», корхонаи истеҳсоли қоғази ҶДММ “Дурахшон-Бӯстон” ва корхонаи истеҳсоли қолин, сехи дӯзандагӣ дар заминаи корхонаи «Зари Суғд»-и КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид. Ҳамчунин дар соли 2022 ба ҳисоботи оморӣ 12 адад ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди нав ворид шудааст.

Ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ иборат аз 223 банд бо фарогирии корҳои ободониву бунёдкорӣ, созандагӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои гуногун ба тасвиб расидааст. Соли 2022 — 41 банд ба нақша гирифта шуда, иҷроиш 44 банд ё худ 107,3 фоизи нақша таъмин карда шудааст.

Дар идома байни роҳбари шаҳр ва намояндагони васоити ахбори умум вобаста ба корҳои ободониву созандагӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва дигар масоил саволу ҷавоб бо намояндгони васоити ахбори омма сурат гирифт.

Дар интиҳо роҳбари шаҳр аз намояндагони васоити ахбори умум ҷиҳати вусъати робита бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр даъват ба амал овард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *