8 феврал дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон конференсияи илмӣ амалӣ дар мавзӯи “Терроризм ва ифротгароӣ: усулҳои амалии муқовимат ба онҳо” баргузор гардид.
Дар кори конференсия раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, Суҳроб Рустамзода – мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода – сархатиби масҷиди “Шайх Маслиҳатдин”-и шаҳри Хуҷанд, Шуҷоат Ҳасанова – собиқадори хизмати давлатӣ, Наврӯзшоҳи Шоҳназар Сангинзода-сардори шуъбаи дар шаҳри Бӯстон будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Далер Гардишзода – муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ширкат ва маърӯза намуданд.

Кори конференсия бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ оғоз ёфт. Роҳбари шаҳр вобаста ба вазъи печидаи ҳассосу мураккаби замони муосир ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди муқовимат бо ҳамагуна зуҳуроти номаилуби ҷомеа ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва расидан ба нақшаву барномаҳои стратегӣ иқдомҳои судмандро рӯи кор гирифта, тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушду тараққӣ меёбанд. Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати комили миллӣ ва таъмини сулҳу суботи саросарӣ ба рушди бонизоми мамлакат заминаи устувор гузошт. Маҳз амалӣ гардидани сиёсати инсондӯстонаву дурнигаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки халқи шарифи Тоҷикистон таҳти андешаи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мост” муттаҳид гардида, баҳри бунёди ҷомеаи воқеан ҳам пешрафтаву мутамаддин саҳмгузорӣ намуда истодаанд.
Дар баробари пешрафти босуботи илму техника ва мавқеъгирии абарқудратҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ имрӯз зуҳури ҳизбу ҳаракат ва созмону равияҳои экстремистиву террористӣ боиси нооромиву хатарҳои рӯзафзуни ҷаҳон гардида истодааст, ки мубориза бо ин вабои аср кори дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро тақозо менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб аз қабили терроризму ифротгароӣ, тамоюлҳои бегонапарастӣ ва амсоли инҳо тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.
Бо мақсади пурзӯр намудани муқовимат бо экстремизм ва терроризм аз 1 июни соли 2021, № 187 ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, тасдиқи нақшаи амалҳо оид ба татбиқи Стратегияи мазкур дар роҳи мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар кишвар айни муддао буда, ин санадҳо дар роҳи мубориза бо ин гуна омилҳои номатлуб такони ҷиддӣ бахшид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон баҳри амалӣ намудани муқаррароти Стратегияи мазкур як қатор чораҳои судмандро амалӣ намуда, бо қарори дахлдори раиси шаҳр силсилаи чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ баргузор гардида истодааст.
Дар идома Суҳроб Рустамзода – мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд зери роҳбарии раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар самти пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ иброз назар намуд. Мавсуф тамоюлҳои бегонапарастӣ, фарогирии сокинон ба таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар омилҳоро ёдовар шуда, ҷиҳати пешгирии ҳамагуна ҷинояту ҷинояткорӣ аз сокинони шаҳри Бӯстон даъват ба амал овард.
Баъдан Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода – сархатиби масҷиди “Шайх Маслиҳатдин”-и шаҳри Хуҷанд ва Шуҷоат Ҳасанова – собиқадори хизмати давлатӣ вобаста ба ҳеҷ робитае надоштани терроризму экстремизм ба дини мубини ислом ва бо истифода аз таҷрибаи корӣ андешаҳои хешро баён дошта, зикр доштанд, ки расидан ба қадри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, якдиливу якмаромӣ, ки дар меҳвари сиёсати дурнигаронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бояд шиори кору зиндагии ҳар фарди соҳибандешаи кишвар бошад.
Наврӯзшоҳи Шоҳназар Сангинзода-сардори шуъбаи дар шаҳри Бӯстон будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Гардишзода Далер Обид – муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон вобаста ба банду басти ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм, пешгирии иштироки сокинон дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ, истифодаи оқилонаву ҳадафманди воситаҳои иттилоотӣ ва дигар омилҳо бо пешниҳоди мисолҳои мушаххас маърӯза намуданд.
Дар фарҷом раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ аз тавҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ёдовар гардид. Роҳбари шаҳр сокинон ва ҳайати иштирокдоронро ба пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва саҳмгузорӣ дар вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.
Дар охир байни иштирокдорон ва маърӯзачиён мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дар кори конференсия хизматчиёни давлатӣ, собиқадорони меҳнат, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ходимони дин, раисони маҳаллаҳо, намояндагони занону ҷавонон, сарбозону афсарон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ширкат намуданд.





