ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ! – таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

22 майи соли 2024 дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳр чорабинии фароғатӣ таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат!” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси шаҳри Бӯстон муҳтарм Нигорахон Ғаффорзода иштирок доштанд. Инчунин, дар чорабинӣ муовинони раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 01972 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 051056-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандагони стипендияи Президентӣ, Раиси вилояти Суғд, раиси шаҳр, омӯзгорону толибилмони мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат, муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, варзишгарон, ҷавонони фаъол, кормандони корхонаву ташкилотҳо, соҳаҳои гуногун, собиқадорон, наврасону ҷавонон ва сокинону меҳмонони шаҳр ширкат варзиданд.Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокчиён оғоз гардид. Раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода кулли иштирокдорони чорабинӣ, ҷавонону сокинони шаҳрро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрику шодбош гуфта, қайд намуд, ки боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз ҷавонон чун нерӯи созанда ва қувваи пешбаранда аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфта шудаанд.

Дар ин радиф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш иброз доштанд: “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлоли ватанамон имрӯз бонангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Ватан-Модари худ содиқона хизмат мекунанд”.Боиси сарфарозист, ки дастгирии давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба масъалаи амалӣ намудани иқдомҳои неку созандаи ҷавонон, ҷалби онҳо ба мақомҳои роҳбарикунанда ва амсоли инҳо таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад. Имрӯзҳо ин қишри ояндасоз ва ҳимоятгари марзу буми кишвар дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандорӣ, ифтихор аз ватани аҷдодӣ, ору номуси баланди миллӣ ба Ватан ва халқи Тоҷикистон хизмат намуда, номбардори волидайн мебошанд.Имрӯз варзишгар дар ҳаёти иҷтимоии кишвар ҷойгоҳи хоса дошта, ҳамасола рушду такомул меёбад. Боиси ифтихори кулли мардуми шарифи кишвар аст, ки 7 майи соли ҷорӣ Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳоди Президенти Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалиро пазируфта, бо қабули қатънома 25 майро “Рӯзи ҷаҳонии футбол” эълон намуд.Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азиз ва ҷавонони гиромиро бо ин дастоварди арзандаи сатҳи ҷаҳонӣ самимона таҳният мегӯям.Барномаи рангини аҳли санъату ҳунари шаҳри Бӯстон, намоишҳои варзишию ҳарбикунонидашуда ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид. Бояд зикр дошт, ки дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳофизони шинохтаи кишвари ҳамсояю дӯсти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дилфуза Қобилова, Шаҳло Маҳмудова, дастаи овозхонии “Ташкент группа” ва рӯзноманигори маъруф Муҳаббат Ҳамроева ширкат намуда, бо суханҳои наҷиб ва сурудҳои дилнишин ба фазои идона ҳусни дигар бахшиданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *