Дар доираи тадбирҳои идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 051056 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо сарбозону афсарони мулоқот доир гардид. Дар кори мулоқот муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Хусравшоҳ Исмоилзода ва командири қисми ҳарбӣ полковник Абдусалом Одиназода ширкат намуданд. Маърӯзачиён оид ба дастгирии давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам намудани шароити мусоид барои хизмати диловарони шуҷои Ватан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар тадбирҳо суханронӣ намуданд. Дар ин рӯз аз ҷониби муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ба роҳбарияти қисми ҳарбӣ як қатор китобҳо тақдим карда шуд.Дар фарҷом баҳри ғамхориҳои ҳамешагӣ сарбозон изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.
ШАРАФ БА МУҲОФИЗОНИ МАРЗҲОИ МУҚАДДАСИ ВАТАН!





