ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАИ ТАВАЛЛУД БА КӮДАКОНИ НАВЗОД

Дар доираи сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода ва як қатор занони барӯманд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба таваллудхонаи шаҳр ташриф оварданд. Дар ин рӯз роҳбари шаҳр ва ҳайати ҳамроҳон модаронро бо тавлиди тифлони хуштолеъ дар доираи тантанаҳои идонаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳният гуфта, ба онҳо шаҳодатномаи таваллуд ва туҳфаву шириниҳо тақдим намуданд. Модарон аз роҳандозии чунин иқдоми инсондӯстона изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *