1 июни соли 2024 дар Мактаби санъати шаҳри Бӯстон ба номи Шодмон Алифов бахшида ба Рӯзи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.Дар ҷамъомади тантанавӣ раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода ва ҳайати меҳмонон ширкат намуданд.
Нахуст роҳбари шаҳр кормандони соҳаро ба муносибати иди касбиашон, ки ҳамасола якшанбеи якуми моҳи июн таҷлил мегардад таҳният гуфта, барояшон бурдбориву муваффақиятҳои беназир таманно намуд. Зикр карда шуд, ки кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ дар раванди корҳои ободониву бунёдкорӣ ва шукуфоии кишвар саҳми арзишманд гузошта, пайваста аз доранд сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ баланд бардоранд.
Дар идома, аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди бонизоми соҳа ёдовар шуд.Сипас, дар вазъи тантанавӣ ба як қатор кормандони фаъоли соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.Барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби аҳли санъат ва ҳунари шаҳри Бӯстон ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид.Ҳамчунин, ба кормандони соҳа кӯмаки яквақтинаи маводи озуқаворӣ тақдим гардид.





