1 июн дар доираи тадбирҳои идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар маҳаллаи «Ғалаба» бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода майдончаи бозии кӯдакон ифтитоҳ гардид. Зимни суҳбат бо сокинону кӯдакон роҳбари шаҳр аз ғамхориҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ибрози назар кард. Гуфта шуд, ки дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бунёди як қатор иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз зумраи онҳо майдончаи бозии кӯдакон ва дигар тадбирҳо маҳсуб меёбад.
Майдончаи бозии кӯдакон, ки дар маҳаллаи Ғалаба бо дастури раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода ва ибтикори вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон, директори корхонаи воҳиди давлатии Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул Абдуазиз Акрамов бунёд гардид, яке аз тадбирҳои муҳим дар самти ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷалб намудани наврасону кӯдакон маҳсуб меёбад. Дар ин рӯз ба наврасону кӯдакони маҳалла туҳфаҳои идона тақдим карда шуд. Сокинони маҳалла изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои ҳамешагӣ баён намуданд.