
Ҳамасола дар саросари кишвар тибқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Бо мақсади омодагиҳо ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва баҳри таъмини иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 27 декабри соли 2022, № 489 “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони соли таваллудашон 1996 – 2005 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2023” ва қарори раиси шаҳри Бӯстон аз 30 декабри соли 2022, № 306 1 феврали соли 2023 таҳти раёсати раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ситоди корӣ доир карда шуд.

Дар кори ситод муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, муовини комиссари ҳарбии шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, аъзои комиссияи даъватӣ, нозирони минтақавии милитсия, кормандони комиссариати ҳарбӣ ва дигар шахсони ба рӯзномаи машварат алоқаманд ширкат варзиданд.
Нахуст раиси шаҳр суханронӣ намуда, зикр кард, ки, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Воқеан, дар замони соҳибистиқлолии кишвар зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаби мардонагиву ҷасорат, марҳилаи ташаккули инсони тавонманду чобук ва хештаншиносу ватандӯст табдил ёфта, дар камолоти ҷисмониву эҳсоси ватанпарастии насли шоистаи замон нақши арзишманд мегузорад.
Баъдан, вобаста ба рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Бӯстон аз 30 декабри соли 2022, № 306 “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони соли таваллудашон 1996 – 2005 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2023” муовини комиссари ҳарбии шаҳр майор Искандар Одиназода гузориш пешниҳод намуд.
Дар идома муовини сардори шуъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон подполковник Далер Гардишзода оид ба вусъати робитаи милитсия бо ҷомеа дар самти ҷалби ихтиёриёни ҷавон гузориш дод.
Сипас, дар асоси талаботи қарори зикргардида бо мақсади беҳтар намудани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони соли таваллудашон 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2023 аз ҷониби раиси шаҳр ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Зикр гардид, ки бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои пайвастаи раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон барои тариқи ройгон дар курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ ба таҳсил фаро гирифтани ихтиёриёни ҷавон, хоҳиши пайвастан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ намуда истодааст. Бинобар ин аз фаъолон, иштирокчиёни ситоди корӣ даъват ба амал оварда шуд, ки имтиёзҳои мавҷударо зимни мулоқот бо волидайн ва ҷавонони синни даъватӣ шарҳу тавзеҳ дода, ҷиҳати соҳибкасб намудани ҷавонон саҳмгузорӣ намоянд.
Дар робита ба муҳимияти масъалаи ҳимояи марзҳои муқаддаси Ватан мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бори дигар аз кулли сокинону меҳмонони шаҳр, ҷавонони синну соли даъватӣ хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати номнавис намудани ҷавонписарони синну соли даъватӣ дар курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ ба комиссариати ҳарбӣ ва ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон муроҷиат намоянд.





