ОИЛА – НАХУСТМАКТАБИ ТАРБИЯИ ИНСОН!

Аввалин ҷое, ки инсон ба дунё меояд, ин домони поки модар аст. Баъд аз ин, инсон дар домони Ватан ба камолот мерасад. Аз ин ҷост, ки мо “Модар-Ватан” мегӯем.
Нахустмактаби ибтидоии кӯдак ин оила аст, ки дар ин даргоҳ фарзанд бори аввал суханронӣ, меҳру муҳаббат, одоб ва арзишҳои зиндагиро омӯхта, ба камол мерасад ва дорои аттестат ё диплом бо ихтисоси “ахлоқ” мегардад.
Модоме кӯдак бори аввал ба боғча ва ё муассисаи таълимӣ қадам мегузорад, сараввал омӯзгор (мураббӣ) ба ӯ, аз тарбия корро шурӯъ мекунад, яъне тарзи дуруст нишастан, савол додан, ҷавоб пурсидан, гуфтор, рафтор, ки ин рамзи одоб ва тарбия аст. Тадриҷан хонанда зина ба зина дорои дониш, хирад ва ҷаҳонбинӣ мегардад.
Албата, дар айёми наврасӣ (ҷавонӣ) қобилияти таҳлил, тафаккур ва андешаронӣ дар марҳилаи инкишофёбӣ қарор дорад, аммо агар наврас дар синни хурдсолӣ дар муҳити оила, боғча, мактаб, донишгоҳ ва ҷомеаи солим зери идеаи ҳисси мусбӣ (Ватандӯстӣ) ба камол расад, ӯ ҳеҷ гоҳ гирифтори бемории зидди миллӣ намегардад. Яъне, аз ин хулоса бармеояд, ки доруи асосии табобати ҷоҳилият ва хурофот ин дониш хирад ва ҷаҳонбинии илмӣ мебошад. Дар ин айём агар мо кӯдаки наврасро дар чорчӯбаи меъёрҳои хуби инсонӣ тарбия кунем, мо метавонем аз ӯ инсони комил созем. Инсонсози одам худи инсон аст. Инсон ҳамон вақт дар ҷамъият ҳолати худро назорат (контрол) карда метавонад, ки ӯ дар муҳити солим ба камол расидааст, яъне тавозуни амалкарди худро бо меъёрҳои ахлоқӣ ва инсонӣ дар тарозуи ақл ченак (баркашӣ) мекунад. Хурофот, ин бадбахтӣ ва торикӣ аст! Омили асосии ба беқонуният, ҷоҳилият, хурофот ва бегонапарастӣ рӯй овардани одамони алоҳида, ин бесаводӣ ва нодонӣ аст. Ягона шахсияте, ки инсонро аз ин роҳи торикӣ ба олами рӯшноӣ роҳнамоӣ мекунад, ин омӯзгор аст. Бо ҳамин эътимод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки: “Эҳтироми омӯзгор – эҳтироми миллат аст!”
Инсоне, ки дорои дониш, маърифат ва ахлоқи ҳамида аст, ингуна шахсият дар ҷомеа боиси эҳтироми дигарон гардида, дар ҳаёт ба зиндагии шоиста комёб мегардад. Ба дигар маънӣ, хонандаи пешқадами синф, фардо пешсафи истеҳсолот мегардад.
Агар дар дунё ҳазорҳо идеа мавҷуд бошад, дар ҷамъияти одамон “интуитсия”-и фаросати инсонӣ, яъне ахлоқ аз ҳама нақши муҳимро мебозад.
Дар муҳит, муассиса, корхона ва ё доираи одамоне, ки он ҷо тартибот, интизом, одоб, маърифат, эҳтиром ба якдигар ва танзим ҷой надорад, дар чунин даргоҳ дер ё зуд буҳрони фазои носозӣ ба миён меояд. Аз ин хулоса бояд кард, ки ақл бояд танро идора кунад, на тан ақлро!
То ҳол дар ҷаҳон ягон навъ технологияи муосир ихтироъ нашудааст, ки рӯҳу ҷисми одамро пурра омӯзад. Аммо ягона шахсияте, ки одамро меомӯзад ва аз ӯ инсони комил месозад, ин омӯзгор аст.
Дар тарбияи насли наврас мебояд диққати ҷиддӣ дод. Тарбияи фарзанд, ин муҳимтарин рисолати падар ва модар аст.
Сухани Фирдавсӣ аст:
Чу фарзанд бошад, ба фарҳанг дор,
Замона зи бозӣ бад-ӯ танг дор.
Агар ҷаҳонбинии кӯдак дар оила, боғча, мактаб, зина ба зина ташаккул ёбад, дар ин маврид дар инсон “ирода” шакл мегирад, ки ӯро дар ҳаёт “идора” мекунад. Яъне, идрок, ирода, масъулият ва ташаббус инҳо “компанентҳо”-и ҷаҳонбинии инсон ҳастанд. На ҳар кас дорои чунин қобилиятҳо ба мисли ташаббускорӣ, масъулиятнокӣ, ирода ва идрок мебошад, ки сарчашмаи ҳамаи ин аз тарбия оила манша мегирад.
Хулоса, раванди инкишофи воқеияти таърихии ҳазорсолаҳои охири тамаддуни башарӣ собит намудааст, ки инсоният танҳо бо дониш, ахлоқ ва маърифат метавонад ба зиндагии шоиста бирасад. Сарнавишти хешро бо дасти хеш бисозад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар пайи эъмори дастоварди бузурги тамаддуни бостонӣ, ки дар меҳвари он шарофату саодати инсонӣ, яъне “пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек” таҷассум ёфтааст, бошем ва онро ҳифз намуда, масъулияти таърихиро ба насли ояндаи кишвари азизамон Тоҷикистон, бегазанд расонем.
Наврӯз Сайфиддинович ҚОДИРОВ
(ҷомеашинос)