Муҳаббат ба Ватан аз эҳтироми забон, фарҳанг, таърих ва мардуми он сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, ҳифзи Ватан ва хизмат ба он вазифаи пуршарафи ҳар як шаҳрванд мебошад.
Хизмати ҳарбӣ яке аз шаклҳои муҳими хизмат ба Ватан ба ҳисоб меравад. Ҷавонон бо адои хизмати ҳарбӣ на танҳо вазифаи шаҳрвандии худро иҷро мекунанд, балки дар рӯҳияи ватандӯстӣ, интизом, масъулиятшиносӣ ва далерӣ тарбия меёбанд. Сарбоз бояд ҳамеша барои ҳимояи марзу буми кишвар ва таъмини сулҳу оромӣ омода бошад.
Мафҳуми «Ватан-Модар» барои ҳар як тоҷик арзиши бузург дорад. Модар ба инсон ҳаёт мебахшад, Ватан бошад барои зиндагӣ, таҳсил ва меҳнат шароит фароҳам меорад. Аз ин рӯ, дӯст доштани Ватан бояд дар амал зоҳир гардад.
Имрӯз ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти онҳост. Ҳар як ҷавон метавонад бо дониш, меҳнат ва рафтори шоиста ба пешрафти кишвар саҳм гузорад. Хизмати содиқона ба Ватан нишонаи ҷавонмардӣ, масъулият ва муҳаббат ба сарзамини худ мебошад.
Хулоса, Ватан-Модар барои ҳар инсон муқаддас аст. Мо бояд онро дӯст дорем, ҳифз кунем ва барои ободии он кӯшиш намоем. Хизмат ба Ватан на танҳо вазифа, балки ифтихор ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарзанди кишвар мебошад.
Холматзода Қандиёр — гирандаи стипендияи раиси шаҳри Бӯстон, донишҷӯи курси 4-уми Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон





