Санаи 24 сентябри соли 2026 дар асоси барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 11 сентябри соли 2026, №524-6/13тф, дар Муассисаи таълимии давлатии «Гимназияи №2» ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Бӯстон Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи “Забони модарӣ — забони оламгири тоҷик!” бо омӯзгорони ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Норҷона Давлатова, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Зоирӣ Ғафурҷон, устоди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Муҳаммадвосеъ Саидов, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ иштирок намуданд.
Зимни суҳбатҳо вобаста ба мақоми забони давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили муҳими худшиносии миллӣ, таърихи ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ, нақши забон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва мероси маънавии халқ, инчунин масъулияти насли ҷавон дар омӯзиш, ҳифз ва рушди забони давлатӣ андешаронӣ карда шуд.
Гуфта шуд, ки забони модарӣ ҳамчун оинаи ҳастии миллат дар таҳкими ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон ва пайванди наслҳо нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус насли наврасу ҷавон, бояд барои покизагӣ, дуруст истифода бурдан ва рушди забони тоҷикӣ саҳми муносиб гузорад.
Рӯзи ягонаи ахбор дар фазои маърифатӣ ва созанда баргузор гардида, барои баланд бардоштани маърифати забондонӣ, ҳисси худшиносии миллӣ ва эҳтироми хонандагон ба забони давлатӣ аҳаммияти муҳим дошт.





