Дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд.
Дар ин замина, раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Маҳмадсаид Шоҳиён бо иштироки масъулон ва аҳли варзиш майдони теннисро пас аз таъмиру барқарорсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки татбиқи чунин иқдомҳои созандагӣ дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ва бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст амалӣ гардида, барои рушди соҳаи варзиш, ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам меорад.
Гуфта шуд, ки чунин ташаббусҳои созанда дар заминаи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ба ободии маҳал ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Ба варзишгарон дар ин рӯз туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаҳо тақдим карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба соҳибкорони ватандӯст, ки дар татбиқи корҳои ободонию созандагӣ ва амалисозии нақшаву барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Таъкид гардид, ки саҳми соҳибкорони ватандӯст дар ободонӣ ва рушди инфрасохтори иҷтимоии шаҳр шоистаи таҳсин буда, чунин иқдомҳо дар таҳкими фазои созандагӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинон нақши муҳим доранд.





