Имрӯз ҳар як фарди хештаншинос шукрона аз он мекунад, ки дар фазои сулҳу субот, ором ва Истиқлоли комили ватан умр ба сар мебарад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои иҷрои мақсадҳои пешгузошта, ки он танҳо барои баланд бардоштани сатҳи моддиву маънавии ҳаёти халқ ва ободу зебо гардонидани Ватани азизамон равона карда шудааст, ба дастовардҳои зиёди қобили мулоҳиза муяссар гардида, имрӯз низ бо натиҷагириҳои давра ба давраи фаъолият барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани кишвари маҳбубамон пайваста дар пайрезии нақшаҳои мақсаднок дар ин самт кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки мо дар остонаи 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва ин ҷашни муқаддасу миллиро бо шукуҳу шаҳомади хоса таҷлил менамоем. 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар фарди ватандӯсти кишвар рамзи ифтихори миллӣ ва амалисозии ормони чандҳазорсолаи гузаштагони мо мебошад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Рӯзи соҳибистиқлолии мамлакат, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад»
Воқеан ҳам, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон неъмати беназири халқи тоҷик маҳсуб ёфта, барои ноил шудан ба он миллати тоҷик марҳилаҳои зиёди таърихиро паси сар намудааст. Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолии мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ба арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил ворид шуда, дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини сатҳи байналмилалӣ саҳми худро гузорад. Ҳамин аст, ки имрӯз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, дар чорабиниҳои зиёди миллии халқи тоҷик намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳонӣ иштироки фаъолона доранд.
Дар воқеъ аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ муайян ва амалисозии ҳадафҳои стратегӣ аз самтҳои афзалиятнок ҳисобида шуда, дар ин давра бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегӣ тадбирҳои муҳиму самаранок андешида шудааст. Яке аз тадбирҳои муҳим дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии давлат таъмин намудани шаффофияти молиявӣ, муқовимат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва татбиқи ҷавобгари барои шахсони ба чунин қабил қонунвайронкуниҳо роҳдода иборат мебошад.
Зеро коррупсия аз қабили монеаҳои асоси дар роҳи мувафақона амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегӣ, амалисозии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон арзёбӣ гардида, он ба рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва накуаҳволии иҷтимоӣ халал ворид менамояд.
Бо ин назардошт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввалини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таҳти партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, масъулияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо ин падидаи хатарнок ва таҳдидкунанда ба амнияти ҷомеа пурзӯр гардида истодааст.
Боиси сарфарозист, ки Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ ва заковати дурбинона ҷиддияти масъалаи муқовимат ба коррупсия дар идоракунии давлатро сари вақт дарк намуда, ҳанӯз то замони рӯ овардани ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин падидаи номатлуб санаи 21 июли соли 1999 фармони Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)» ба тасвиб расонида, ҷиҳати амалисозии воқеии муқовимат алайҳи ин зуҳурот санаи 10 декабри ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки минбаъд Қонуни мазкур бо ба инобат гирифтани уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав яъне, 25 июли соли 2005 ва 7 августи соли 2020 ҳамчун Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» таҳия ва тасдиқ карда шуда, тамоми тадибирҳои ташкилӣ ва ҳуқуқиро дар самти муқовимат ба коррупсия муқаррар намудааст.
Дар сатҳи байналмилалӣ бошад, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 ба Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд шомил гардид, ки ин иқдом қадамҳои устувори такмили қонунгузорӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад.
Минбаъд бо дарки саривақтии оқибатҳои ногувори хатари коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсияро ба имзо расонида, соли 2008 онро тасдиқ кард ва ҳамчун қисми таркибии низоми қонунгузории кишвар эътироф намуд.
Таъсис додани Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо созмон додани комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шаҳодати ташаккули сиёсати ҳамоҳангшудаи зиддикоррупсионӣ бо ҷалби ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва сохтору мақомоти давлатӣ дар пешгирӣ ва муборизаи дастаҷамъона бо ин падидаи манфӣ маҳсуб ёфта, амалисозии чунин чорабиниҳо дар самти муқовимат ба коррупсия, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо шинохта шудааст.
Айни ҳол ҷиҳати амалисозии мувафақонаи сиёсати зиддикоррурсионии Ҳукумати мамлакат зиёда аз 20 санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрию ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки дар онҳо асосҳои ташкилию ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия, амалисозии тадбирҳои маҷмуавӣ вобаста ба муқовимат ба коррупсия ва дигар тадбирҳои зарурӣ муқаррар карда шудаанд.
Қобили таъкид мебошад, ки тадбирҳои ҳуқуқии дар боло овардашуда, пеш аз ҳама ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия нигаронида шуда, он ҳамчун заминаи мукаммали қонунгузорӣ дар марҳилаи аввалини давлатдории миллӣ дар самти муқовимат ба коррупсия арзёбӣ мегардад.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ниҳоии дар ин самт пешгирифта бо ташаббуси сиёсии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия таъсис дода шуд, ки ин иқдом изҳори мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муборизаи оштинопазир бо коррупсия ва таҳаммулнопазирии он ба ин зуҳуроти номатлуб ба ҳисоб рафта, саҳифаи навро дар таърихи ҳаёти ҳуқуқии кишвар боз намуд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сухнаронии худ бахшида ба 10 – солагии таъсисёбии мақомоти Агентӣ изҳор доштанд: «Таъсиси ниҳоди махсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовиат ба коррупсия мебошад, ки вазифаи он аз назорати истифодаи дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин манфиатҳои давлат ва ҷомеа иборат мебошад»
Имрӯз мақомоти Агентӣ ҳамчун мақоми ваколатдор ва ҳамоҳангсоз дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бо коррупсия баромад намуда, тибқи муқаррароти пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, инчунин дигар вазифаҳоеро, ки ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд.
Таърихи таъсисёби ва фаъолияти мақомоти Агентӣ собит менамояд, ки Агентӣ дар роҳи тайкардаи худ тавонистааст баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат саҳми назаррас гузошта, барои дар ҷомеа ба вуҷуд овардани фазои тоқатнопазири ба коррупсия ва таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои назаррас анҷом диҳад.
Ҳамзамон таъсис ёфтани мақомоти Агентӣ барои идомаи ислоҳоти зиддикоррупсионӣ дар мамлакат замина гузошта, барои қабул намудани барномаҳои давлатӣ, таъсиси институтҳои давлативу ҷамъиятӣ дар самти пешгирии коррупсия ва амалиозии тадбирҳои маҷмуавӣ дар самти муқовимат ба коррупсия имкони мусоид фароҳам овард. Аз ҷумла, қабул намудани 3 барномаи дурнамои миёнамуҳлати сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва Нақшаи чорабиниҳои он барои ду марҳила солҳои 2021-2025 ва солҳои 2026-2030 ҷиҳати решакан кардани ин падидаи манфур нигаронида шудаанд.
Хушбахтона ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта дар Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) бо ба инобат гирифтани таҷрибаи давлатҳои дар ин самт муваффақ ҷиҳати бартараф намудани омилҳои инсонӣ масъалаи роҳандозии тарзу воситаҳои муосири муқовимат ба коррупсия пешбинӣ карда шуд.
Алалхусус зимни таҳия намудани лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Стратегияи давлатӣ барои марҳилаи дуюм, яъне солҳои 2026-2030 ба рақамикунонии идоракунии давлатӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи васеи технологияи иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ, рушди муназзами сомонаҳои расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри натиҷаи фаъолият дар самти муқовимат ба коррупсия, ҷорӣ намудани низоми электронии қабул ва ҷобаҷогузории тарбиятгирандагон ва хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, коркарди механизми муосири арзёбии сатҳи коррупсия ва таҳияи шохиси миллии дарки коррупсия таваҷҷуҳи бештар дода шуда, ин тадбирҳо ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар самтҳои осебпазир нигаронида шудааст.
Қобили тазаккур аст, ки коррупсия ҳамчун падидаи манфӣ дар ҷаҳони муосир пеш аз ҳама ба амният ва рушди босуботи сиёсӣ, иқтисоӣ ва иҷтимоии давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад. Зеро маъмулан содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ аз ҷониби шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ба миён омада, боиси афзоиши нобоварии шаҳрвандон нисбат ба фаъолияти мақомоти давлатӣ мегардад.
Тавре Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демокртия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, дар ҷомеаи мо ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояҳои ахлоқ зарба мезанад».
Таҷрибаи муосири назария ва амалия дар самти ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ нишон медиҳад, ки коррупсия барои сӯиистифода намудан аз мансаб, истифодаи ваколатҳои хизматӣ ба манфиати шахсӣ, тақсимоти ғайриқонунии захираҳои давлатӣ ва ғайраҳо мусоидат менамояд.
Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати коҳиш додани шиддати коррупсия тамоми тадбирҳои заруриро бо роҳҳои анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҷорӣ намудани мамониату маҳдиятҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, инчунин назорати давлатии молиявӣ ҷиҳати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ чораҷӯӣ намуда истодааст.
Ҳоло таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия дар минтақа назаррас арзёбӣ гардида, бо макаммал будани заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ дар ин самт мавқеи намоёнро касб намудааст.
Ҳамин тавр, бо таҳлили масоилҳои дар мақолаи худ оварда чунин қайд кардан мумкин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари озод ва соҳибистиқлол дар кори муқовимат ба коррупсия нақши бориз дошта, дар даврони 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар ин самт тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Кулли тадбирҳои дар ин самт андешидашуда пеш аз ҳама таъмини волоияти қонун, таҳкими амнияти иқтисодӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нигаронида шудааст. Дар ин замина, ҳар фарди ватандӯст ва меҳанпарасти кишварро зарур аст, ки арзишҳои Истиқлоли давлатиро ҳифз намуда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҷаҳду талош намояд муқовимат ба коррупсия ва дигар қонунвайронкуниҳоро самти афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, барои мустаҳкам намудани арзишҳои Истиқлоли давлатӣ ҳиссагузор бошад.
Дар интиҳо мехостам дар ин рӯзҳои муборак, кулли ҳамватанони азизро ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намоям. Бигзор дар кишвари мо фазои сулҳу оромӣ ва шукуфоӣ ҳамеша пойдор бимонад.
Сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, капитани адлия Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин





