Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи тақдими тақвими соли 2026 бо фарогирии рамзи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ МУБОРАК” ташкил ва баргузор гардид.
Дар аксияи мазкур ба роҳбарият ва кормандони корхонаву муассисаҳои шаҳр тақвимҳо тақсим ва дастрас карда шуд.





