Бегоҳии 9 сентябри соли 2026 ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода барномаи бошукӯҳи идона таҳти унвони «Шоми Истиқлол» баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, фаъолон ва сокинони шаҳри Бӯстон иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузурги таърихии миллати тоҷик ва заминаи асосии пешрафту рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор дошта, дар кишвар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва созандагиву бунёдкорӣ таъмин мебошад.
Гуфта шуд, ки 35 соли соҳибистиқлолӣ барои мардуми Тоҷикистон давраи пурифтихори рушди давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Сипас, барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки ҳунармандони маъруф ва гурӯҳҳои ҳунарии шаҳри Бӯстон пешкаши ҳозирин гардид. Сурудҳои ватандӯстона, рақсу таронаҳои дилнишин ва барномаи ҷолиби идона ба чорабинӣ шукуҳи хосса бахшиданд.
«Шоми Истиқлол» бо руҳияи баланди идона, эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ баргузор гардида, ба сокинону меҳмонони шаҳр хотироти нек ва таассуроти фаромӯшнашаванда гузошт.





