Дар шаҳри Бӯстон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии таъсисёбии шаҳри Бӯстон маросими тантанавии қадршиносии ғолибони озмунҳои шаҳрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур 35 нафар ғолибони озмунҳо, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маориф, тандурустӣ, варзиш ва дигар самтҳо фаъолияти назаррас нишон дода, бо меҳнати софдилона ва ташаббусҳои созандаашон саҳми арзанда гузоштаанд, қадршиносӣ шуданд.
Ғолибон дар номинатсияҳои «Мақолаи беҳтарин», «Шеъри беҳтарин», «Расми беҳтарин», «Ролики беҳтарин», «Ҷавони муваффақ», «Хизматчии давлатии беҳтарин», «Беҳтарин корманди соҳаи хоҷагии коммуналӣ», «Беҳтарин корманди қитъаи обтаъминкунӣ», «Барқкори беҳтарин», «Корхонаи саноатии беҳтарин», «Беҳтарин истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноатӣ», «Суруди беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин», «Кӯчаи беҳтарин», «Хонаи истиқоматии беҳтарин», «Оилаи намунавӣ», «Мураббии пешқадам», «Муассисаи таълимии беҳтарин», «Варзишгари беҳтарин», «Омӯзгори муваффақ», «Олими муваффақ», «Духтури оилавии намунавӣ», «Табиби беҳтарин», «Ҳамшираи беҳтарин» ва дигар номинаҳои соҳавию касбӣ муайян гардида, бо Ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода иштирок намуда, ғолибонро ба муносибати дастовардҳои арзандаашон самимона табрик гуфт.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин озмунҳо барои муайян ва дастгирӣ намудани шахсони соҳибистеъдод, ҳавасманд намудани меҳнати созанда, рушди иқтидори эҷодиву касбӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон нақши муҳим дорад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дастовардҳои ҳар як шахси фаъол, оилаи намунавӣ, корхонаи пешсаф, корманди софдил ва намояндаи касбу соҳаҳои гуногун дар ободиву пешрафти шаҳри Бӯстон саҳми арзанда мегузорад.
Раиси шаҳр ба ҳамаи ғолибон барои иштироки фаъолона, меҳнати содиқона, ташаббускорӣ ва саҳми арзандаашон дар рушди шаҳр изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи меҳнатӣ ва эҷодӣ комёбиҳои нав орзу кард.
Маросими ҷоизасупорӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, ба таҷлили сазовори ҷашнҳои бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии таъсисёбии шаҳри Бӯстон — шукӯҳи хосса бахшид.





