Дар Муассисаи давлатии «Қасри фарҳанг»-и шаҳри Бӯстон машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид.
Дар кори машварат раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ва сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода иштирок намуданд.
Нахуст меҳмонон дар даромадгоҳи муассисаи мазкур аз дастовардхои аҳли илму маърифати шаҳри Бӯстон дидан намуданд.
Баъдан дар толори муассиса машварат бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Рашид Акрамзода оид ба фаъолияти соҳаи маорифи шаҳр дар соли таҳсили 2025–2026 ҳисобот пешниҳод намуда, натиҷаҳои бадастомада, дастовардҳо ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти соҳа дар давраи минбаъдаро иброз дошт.
Дар идомаи машварат сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода суханронӣ намуда, оид ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таҳкими масъулияти омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, инчунин омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсил андешаронӣ намуд.
Сипас, раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода суханронӣ намуда, ба фаъолияти кормандони соҳаи маориф баҳои муносиб дода, таъкид кард, ки рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Раиси шаҳр ба масъулин ҷиҳати бо омодагии ҳамаҷониба истиқбол гирифтани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, вусъат бахшидани корҳои омодагӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва татбиқи дигар тадбирҳои муҳими соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар фарҷоми машварат ба як қатор кормандони пешсаф ва собиқадорони соҳаи маориф барои саҳми арзанда дар рушди соҳа, фаъолияти самаранок ва дастовардҳои назаррас Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва Раёсати маорифи вилояти Суғд тақдим карда шуд.
Машварати августӣ бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соли таҳсили гузашта ва муайян намудани вазифаҳои асосӣ барои соли нави таҳсил баргузор гардида, кормандони соҳаи маорифро барои фаъолияти боз ҳам самаранок ва масъулиятнок ҳидоят намуд.
Дар идома барномаи бошукуҳи фарҳангӣ – маърифатӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.





