Муҳтарам собиқадорон ва кормандони соҳаи тиб, табибони ҳозиқ, ҳамдироёни азиз,
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза кулли собиқадорон ва кормандони фидокори соҳаи тандурустиро ба муносибати иди касбиашон, ки ҳамасола 18 август дар рӯзи зодрӯзи файласуфи тавоно ва олими забардасти тоҷик Абӯалӣ ибни Сино таҷлил мегардад, самимона табрику таҳният мегӯям.
Ин сана барои ҳар яки мо фурсати муносибест, то ба заҳмати пурмасъулият, содиқона ва инсонпарваронаи табибон, ҳамшираҳои шафқат, кормандони ёрии таъҷилӣ, дорусозон, ташхисгарон ва кулли кормандони муассисаҳои тандурустӣ арҷ гузорем.
Халқи тоҷик аз қадим ба илми тиб ва табибон эҳтироми хосса дошт. Номи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик — Абӯалӣ ибни Сино, ки бо осори безаволи худ дар рушди илми тибби ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштааст, имрӯз низ барои ҳар як табиби тоҷик мактаби бузурги маънавӣ ва касбӣ мебошад. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб дар соли 2026 низ шаҳодати арҷгузорӣ ба мероси илмии ин абармарди таърих ва саҳми ҳакими фозил дар рушди илми тиб мебошад.
Имсол Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои ифтихору сарфарозии миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии худро таҷлил менамояд. 35-соли Истиқлол, 35- соли давлатсозӣ, сулҳу субот, созандагиву ободкорӣ ва пешрафти кишвари азизамон мебошад. Дар ин роҳи пурифтихор соҳаи тандурустӣ низ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат пайваста рушд намуда, барои ҳифзи саломатӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд. Дар ҳамаи ин дастовардҳо саҳми табибон, ҳамшираҳои шафқат ва кулли кормандони соҳаи тиб, ки бо касби пуршараф ва меҳнати содиқонаи худ ба саломатии миллат хизмат менамоянд, хеле арзишманд аст.
Имрӯз ҳар як дастоварди соҳаи тандурустӣ, ҳар як ҳаёти наҷотёфта ва ҳар як инсон, ки ба шарофати заҳмати табибон боз ба зиндагии солим бармегардад, гувоҳи он аст, ки Истиқлол барои инсон ва ба хотири зиндагии шоистаи ӯ хизмат мекунад. Бигзор 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як корманди соҳаи тиб мояи ифтихор, неруи тоза ва масъулияти бештар дар роҳи ҳифзи саломатии миллат бошад. Зеро миллати солим — такягоҳи давлати устувор ва ҷомеаи созанда аст.
Табибони гиромӣ!
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи тандурустӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат пайваста дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобат аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди соҳа ба ҳисоб мераванд.
Имрӯз пешрафти илму техника ва рушди технологияҳои муосир имкониятҳои нави ташхису табобатро фароҳам оварда истодааст. Дар баробари ин, сифати хизматрасонии тиббӣ аз дониш, таҷриба, масъулиятшиносӣ ва муносибати инсондӯстонаи худи корманди тиб вобастагии зиёд дорад.
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохурӣ бо кормандони соҳаи тандурустии мамлакат иброз намуда буданд: “Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонид”.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон бо иқдом ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ барои хизматҳои бемислу монанди Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тибби ҷаҳонӣ дар кишвар як қатор иқдомҳо амалӣ рӯи даст гирифта шуданд.
Дар қаламрави вилояти Суғд зери роҳбариву раҳнамоии Раиси вилоятамон, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба масъалаи бунёди муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, таъмиру тармими биноҳои амалкунанда, бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ таъмин намудани муассисаҳо, дастгирии кормандони соҳа ва амсоли инҳо тадбирҳои судманд рӯи кор гирифта шуда, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ рӯз ба рӯз беҳтару хубтар гардида истодааст.
Дар шаҳри Бӯстон низ кормандони соҳаи тандурустӣ дар ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо, баланд бардоштани маърифати тиббии шаҳрвандон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми арзанда мегузоранд.
Бо мақсади боз ҳам хубтару беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ айни замон дар мамлакат Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди амал қарор дорад. Қабул ва мавриди амал қарор додани даҳҳо барнома ва дигар ҳуҷҷатҳои соҳавӣ аз таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти давлат ва роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин бахши муҳим дарак медиҳанд.
Дар ин раванд бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз табибони шаҳри Бӯстон дар баробари ҳамтоёни хориҷии хеш дар ташхис ва табобати беморон бо маҳорати баланди касбӣ фаъолият менамоянд. Далели ин гуфтаҳо, дар шаҳр ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобат мебошад, ки пеш аз ин сокинонамон бо ин мақсад ба дигар шаҳрҳо ва ё ба хориҷи кишвар сафар менамуданд.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо ҷавобан ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат табибони ҳозиқи кишварамон ба хусус табибони шаҳри Бӯстон бо дарки баланд ва чун ворисони ҳақиқии Синои оламгир дар рушд ва пешрафти соҳаи тандурустии кишвари азизамон нақши арзишманди хешро гузошта истодаанд.
Табибони шарафманди Бӯстоншаҳр,
Шумо дар назди ҷомеа рисолати бузург — ҳифзи муҳимтарин неъмати инсон, яъне саломатӣ ва ҳаёти инсонро ба уҳда доред. Бовар дорам, ки бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба касб ва муҳаббат ба Ватан минбаъд низ барои солимии ҷомеа ва ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро мегузоред.
Ба Шумо — табибони ҳозиқ, ҳамшираҳои меҳрубон ва ҳамаи кормандони фидокори соҳаи тандурустӣ — саломатӣ, саодат, обрӯю эътибор ва дар роҳи ҳифзи саломатии мардум барору комёбӣ таманно менамоям.
Бигзор дастони Шумо ҳамеша шифобахш, қалбҳоятон саршори меҳру муҳаббат ва чеҳраатон бо табассуми беморон ҳамеша нуронӣ бошад!
Бо чунин орзуҳои наҷиб бори дигар таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиббро ба кулли шумоён таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, ҳаёти осоишта ва ба Тоҷикистони азизу муқаддас осмони софу ваҳдати ҷовидонӣ таманно дорам.
Иди касбӣ муборак, табибони мушфиқ!





