МУРАББИЯИ ШИРХОРГОҲ-КӮДАКИСТОНИ №15-И ШАҲРИ БӮСТОН ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2026” ГАРДИД

Санаи 20 июни соли 2026 дар озмуни вилоятии “Мураббии соли Тоҷикистон-2026” мураббияи ширхоргоҳ-кӯдакистони №15-и шаҳри Бӯстон Садриддинова Садбарг Аслидиновна сазовори ҷойи дуюм гашт.
Мақсад аз баргузории чунин озмун ин баланд бардоштани мақом ва нуфузи касби мураббӣ, такмили сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ, дарёфт ва дастгирии мураббиёни боистеъдод, эҷодкор ва навовар, инчунин тарғибу паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо мебошад.
Озмун барои рушди маҳорати касбӣ, табодули таҷриба ва ҳавасманд намудани мураббиён ба фаъолияти самаранок мусоидат мекунад.