Дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон маросими ботантанаи истиқболи Корвони модарони ваҳдатсаро бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода, фаъолон, занони фаъолу муваффақ ва ҷавонони шаҳр баргузор гардид.
Модарони ваҳдатсаро, ки аз гӯшаву канори мухталифи кишвар ба шаҳри Бӯстон ташриф оварданд, бо нону асал ва риояи суннатҳои писандидаи миллӣ, ки нишони меҳмоннавозии азалии халқи тоҷик аст, гарму самимӣ истиқбол гирифта шуданд.
Иштирокчиёни корвон дар пояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи соҳибистиқлолӣ ва сарҷамъии миллат аст, аксҳои хотиравӣ гирифтанд.
Зимни суҳбати самимӣ модарон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуданд. Онҳо таъкид доштанд, ки имрӯз дар кишвар тамоми шароитҳо барои ҳаёти осоишта ва тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ муҳайё буда, нақши модарон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдат хеле барҷаста аст.
Баъдан, тибқи барномаи алоҳидаи тарҳрезишуда, мулоқотҳои модарон дар шаҳри Бӯстон идома ёфт. Корвони мазкур бори дигар дӯстиву ҳамбастагии занону модарони тоҷикро дар роҳи созандагиву ободии Ватан намоиш дод.





