ТАШРИФИ МОДАРОНИ ВАҲДАТСАРО БА ҚИСМИ НИЗОМӢ

Дар доираи чорабиниҳои маърифатию ватандӯстӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи ҳомиёни Ватан, раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ҳамроҳ бо як гурӯҳ модарони ваҳдатсаро ва фаъолони ҷомеа аз қисми низомии 051056-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстон, дидан намуданд.
Меҳмононро афсарону сарбозони қисми низомӣ бо самимияти хос пешвоз гирифтанд. Модарон бо худ сабадҳои идонаи иборат аз анвои мухталифи нонҳои лазиз, шириниҳо ва меваҷоти шаҳдбори диёрро ҳамчун туҳфаи модарӣ ба сарбозон супориданд, ки ин иқдом таҷассуми ғамхории пайвастаи ҷомеа нисбат ба артиши миллӣ мебошад.
Дар ҷараёни ин ташриф байни меҳмонон ва сарбозону афсарон суҳбати ошкоро ва судманд доир гардид. Дар ҳамоиш ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ Назира Ғаффорӣ, Гавҳар Умарова, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғигул Исломзода, муовини раиси ноҳияи Роштқала Манзура Раҷаббекзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода ва дигар занону модарони фаъол иштирок ва суханронӣ намуданд.
Модарон оид ба таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи сулҳу субот ва арзишҳои ваҳдати миллӣ андешаронӣ карданд. Онҳо таъкид доштанд, ки хизмат ба Ватан шарафи бузург ва қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмарди асил аст ва маҳз ба шарофати шабзиндадориву шуҷоати сарбозон имрӯз дар кишвар сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармост.
Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода зимни баромад аз таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба беҳтар намудани шароити хизмати сарбозон ёдовар шуда, ҷавононро ба садоқат ва ҳифзи марзу буми кишвар ҳидоят намуд.
Дар идомаи ҳамоиш, сарбозону афсарони қисми низомӣ аз ин таваҷҷуҳ ва ташрифи гарми модарон изҳори сипосмандии амиқ намуданд. Онҳо иброз доштанд, ки ин гуна вохӯриҳо рӯҳияи онҳоро боз ҳам баландтар бардошта, барояшон нерӯву илҳоми нав мебахшад, то вазифаи муқаддаси худро дар назди Ватан-Модар бо сарбаландӣ иҷро намоянд.