ОИЛАДОРӢ ФАРҲАНГИ БУЗУРГУ ҲИССИ ВАТАНДОРӢ АСТ! – баргузории аксияи иттилоотӣ дар шаҳри Бӯстон 

Ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии рушди оила барои солҳои 2024-2028” дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон аксияи тарғиботӣ дар мавзӯи “Оиладорӣ – фарҳанги бузургу ҳисси ватандорӣ аст” гузаронида шуд. 

Яке аз вазифаҳои муҳимтарини инсон бунёди оила мебошад. Оила маҳсули ҷомеа ва тамаддуни башар аст.

Ҳадаф аз татбиқи барнома на танҳо баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, балки дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ назаррас кардани фаъолияти занон мебошад. 

Баҳри баланд бардоштани рисолати худшиносии занон, нақши онҳо дар таҳкими оила, пешгирии шиддати пошхӯрии оила, тамоюли афзоиши бегонапарастӣ дар байни бонувон тадбирҳо амалӣ карда мешавад.