ОИЛАИ СОЛИМ – ҶОМЕАИ СОЛИМ! – баргузории озмуни “Оилаи беҳтарин” дар Мактаби Президентӣ 

Тибқи нақшаи чорабиниҳои ва бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи байналмилалии Оила» дар МД «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон озмун таҳти унвони «Оилаи беҳтарин» ташкил ва баргузор гардид. Дар чорабини омӯзгорон ва 6 нафар оилаҳое, ки дар муассиса фаъолият мебаранд, иштирок намуданд.

Озмун дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҳар як оила маҳорати худро дар тарбияи фарзанд, фарҳанги оиладорӣ, ҳунару истеъдод ва ҳамбастагии оилавӣ муаррифӣ намуданд. Иштирокчиён аз рӯйи шартҳои гуногун, аз ҷумла муаррифии оила, саволу ҷавоб, намоиши ҳунарҳои хонаводагӣ ва барномаи фарҳангӣ байни ҳам рақобат карданд.

Ҳадафи асосии баргузории озмун таҳкими арзишҳои оилавӣ, эҳтироми падару модар, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва тарғиби оилаи намунавӣ миёни ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар фарҷоми озмун ба оилаҳои фаъол барои иштироки арзанда сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Чорабинӣ бо барномаи ҷолиби фарҳангӣ анҷом пазируфт.