МАЪРИФАТИ БАЛАНД ҶАҲЛУ ХУРОФОТРО АЗ БАЙН МЕБАРАД

14 апрели соли 2026 дар толори Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон вобаста баланд бардоштани маърифати ҳукуқӣ ва сиёсӣ миёни ҷавонон ва наврасон, фаҳмондани хатари экстремизми хушунатомез ва терроризм ба амнияти ҷомеа ва давлат, амлигардонии қаррори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва тасдиқи нақшаи амалҳо оид ба татбиқи Стратегияи мазкур барои солҳои 2026-2030, таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пешгирии ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, пешгирии омилҳои ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон мулоқот доир гардид. Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 16 декабри соли 2025, инчунин иҷрои қонунгузории кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар мулоқот муовинонии раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳангӣ, раисони маҳаллаҳо ва воситаи ахбори омма ширкат доштанд.
Дар кори мулоқот раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода, кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дамдорзода Парвиз ва Шарифзода Манучеҳр, намояндаи прокуратураи вилояти Суғд Назаравлиё Маҳмадов, прокурори шаҳри Бӯстон Толибҷон Ҳоҷизода, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Наврӯз Қодиров ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Умед Солизода ширкат намуданд.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода оғоз гардида, зимнан қайд карда шуд, ки: “Дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва расидан ба нақшаву барномаҳои стратегӣ иқдомҳои судмандро рӯи кор гирифта, тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушду тараққӣ меёбанд. Расидан ба истиқлолияти давлатӣ, ба даст овардани ваҳдати комили миллӣ ва таъмини сулҳу суботи саросарӣ ба рушди бонизоми мамлакат заминаи устувор гузошт.
Сипас намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Парвиз Дамдорзода оид ба амалигардонии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва тасдиқи нақшаи амалҳо оид ба татбиқи Стратегияи мазкур барои солҳои 2026-2030 баромад намуда, иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва расидан ба нақшаву барномаҳои стратегӣ иқдомҳои судманд рӯи кор гирифта, дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафту дастовардҳои шоиста ба назар мерасад. Расидан ба истиқлолияти давлатӣ, ба даст овардани ваҳдати комили миллӣ ва таъмини сулҳу суботи саросарӣ ба рушди бонизоми мамлакат заминаи устувор гузошт.
Маҳз амалӣ гардидани сиёсати инсондӯстонаву дурнигаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки халқи шарифи Тоҷикистон таҳти андешаи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мост” муттаҳид гардида, баҳри бунёди ҷомеаи воқеан ҳам пешрафтаву мутамаддин саҳмгузорӣ намуда истодаанд.
Дар баробари пешрафти босуботи илму техника ва мавқеъгирии абарқудратҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ имрӯз зуҳури ҳизбу ҳаракат ва созмону равияҳои экстремистиву террористӣ боиси нооромиву хатарҳои рӯзафзуни ҷаҳон гардида истодааст, ки мубориза бо ин вабои аср кори дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро тақозо менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб аз қабили терроризму ифротгароӣ, тамоюлҳои бегонапарастӣ ва амсоли инҳо тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.
Зимни ироаи паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҳдиди терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра ёдовар гардида, иброз доштанд: «Тоҷикистони соҳибистиқол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад».
Ҷиҳати амалисозии дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар заминаи қабули Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти №77/243 аз 20 декабри соли 2022, ки 12 феврал ҳамчун “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад” эълон гардидааст, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар нақша – чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ташкил ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба 12 феврал “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад” ба тавсиб расида, бахшида ба ин сана силсилаи чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ ба роҳ монда шуда, аз ҷараёни он дар восиати ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабару гузоришҳо ба нашр расонида шуданд.
Бо мақсади пурзӯр намудани муқовимат бо экстремизм ва терроризм як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар мубориза барои экстремизм”, “Дар мубориза бар зидди терроризм”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”, тасдиқи нақшаи амалҳо оид ба татбиқи Стратегияи мазкур барои солҳои 2026-2030 дар роҳи мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар кишвар айни муддао буда, ин санадҳо дар роҳи мубориза бо ин гуна омилҳои номатлуб такони ҷиддӣ бахшид.
Сипас, корманди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода оид ба шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 16 декабри соли 2025 маърӯза намуд.
Таъкид карда шуд, ки маҳз амалӣ гардидани сиёсати инсондӯстонаву дурнигаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки халқи шарифи Тоҷикистон таҳти андешаи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мост” муттаҳид гардида, баҳри бунёди ҷомеаи воқеан ҳам пешрафтаву мутамаддин саҳмгузорӣ намуда истодаанд.
Қайд карда шуд, ки “Ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва таъмини рушди устувори кишвар бидуни маърифати баланди ҳуқуқӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ғайриимкон аст. Боиси ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ мебошад, ки бо ташаббуси кишвари мо Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2027-ро ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуд.
Дар паёми Пешвои миллат зикр шудааст: «Боиси ифтихор аст, ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон намудани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” қабул карда шуд».
Ин дастоварди муҳим моро водор месозад, ки фарҳанги волои ҳуқуқиро боз ҳам густариш диҳем. Ҳар як ҷавон, ҳар як шаҳрванд бояд донад, ки риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва итоат ба меъёрҳои ҳуқуқӣ асоси давлатдории муосир ва кафили суботи ҷомеа мебошад. Дар баробари ин, мо бояд ба хатарҳои ҷаҳони муосир низ бо чашми боз назар андозем. Вазъи сиёсии ҷаҳон мураккаб буда, бархӯрди манфиатҳои қудратҳои бузург, таҳдидҳои терроризму экстремизм ва дигар ҷинояткориҳои фаромиллӣ ҳушёрии доимиро тақозо менамоянд. Пешвои миллат дар ин хусус ба таври возеҳ ҳушдор доданд, ки ҷомеаи мо бояд ҳамеша зирак ва омода бошад.
Масъалаи ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг ва суннатҳои ниёгон дар чунин шароит аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Мо набояд иҷозат диҳем, ки тақлид ба фарҳанги бегона, таассубу хурофот ва андешаҳои ифротӣ ба пояҳои ҷомеаи солими мо осеб расонанд. Бо ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии худ, мо бояд арзишҳои миллиро ҳифз ва ба наслҳои оянда мерос гузорем. Ин суханон бояд барои ҳар як сокини шаҳри Бӯстон, хусусан барои занону модарон, ҷавонон ва фаъолони ҷомеа дастури амал гардад.
Яке аз муҳимтарин ва тақдирсозтарин рӯйдодҳое, ки Пешвои миллат бо эҳсоси баланди масъулият ва ифтихори миллӣ зикр намуданд, ҳалли ниҳоии масъалаҳои сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад. Ин иқдоми ҷасурона ва хирадмандона, ки солҳо интизори ҳалли одилона буд, ба таҳкими сулҳу субот, таҳкими фазои эътимод ва дӯстиву бародарӣ дар минтақа мусоидат намуд. Президенти мамлакат ба таври равшан таъкид доштанд: -«Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад». Ин воқеа барои тамоми минтақа аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ дошта, ҳамчун намунаи ҳалли мусолиматомези баҳсҳо дар арсаи байналмилалӣ эътироф мегардад.
Роҳбарияти шаҳр дар идома иброз дошт, ки масъалаи дигари муҳим – пешгирии ҷинояткорӣ, бахусус дар байни ноболиғон ва ҷавонон ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои асосии ба ҷиноят даст задани ноболиғон ин камбуди назорати оила, таъсири муҳити носолим, паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд.
Бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр як қатор чораҳои мушаххас амалӣ гардид.